Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд

0
85

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи мехнати худро ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.

Кишоварзони вилояти Суғд соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ софдилонаю муташаккилона фаъолият намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишту парвариши 279 ҳазору 768 гектар зироатро амалӣ намуданд, ки дар қиёс нисбати ба ҳамин давраи соли пешин зиёд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лубиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шавад.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин соҳибкор аз Ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон Муминҷон Юлдошев лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд – Фарғона Агрокластер”-ро муаррифӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани он бо истифода аз заминҳои бекорхобидаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт 20 ҳазор гектар замин дар амалишавии лоиҳа фаро гирифта мешавад.

Барои амалишавии лоиҳа маблағгузории 52 миллион доллари америкоӣ пешбинӣ гардида, дар марҳалаи якум 5 ҳазор нафар ва дар марҳилаи дуюм то 20 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар марҳилаи аввали амалишавии лоиха 5000 гектар замин тариқи обёрии қатрагӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.

Нақшаҳои оғози ҳамкориҳоро бо ҷалби сармояҳои мустақим дар самти истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан нахи пахта ва коркарди минбаъдаи онро дар коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкор маънидод намуданд.

Источник: president.tj