Боздид аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон

0
40

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.

Зимни муаррифии самтҳои фаъолият ва имкониятҳои Марказ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад. Марказ барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марказ барори кор орзу карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд.

Дар фарҷом Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Источник: president.tj