Боздид аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “T&C Garments” дар шаҳри Ал – Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср

0
65

9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар минтақаи Ал – Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуданд.

Дар корхонаи “Ҷипто фарма” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари миёна ба ҳисоб меравад. Корхона дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ мебошад.

Коргоҳи “Ҷипто фарма” яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон аст.

Ширкати мазкур пурра барои истеҳсоли доруҳои гуногуни тиббӣ дар масоҳати умумии 180 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Як қатор доруҳои дар олам маъруф, дар ин ширкат истеҳсол карда мешавад. 

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар суҳбати созанда доир карданд.

Сипас, дар минтақаи саноатии Ал-Ханка Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати “Тӣ энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи “Тӣ энд Сӣ Гарментс” ширкати муштараки саноатӣ доир ба истеҳсоли матоъ ва духти сару либосҳои ҷинс мебошад.

Корхона аз ҷониби ширкатҳои мисрии “Толба Груп” ва “Тай Груп”-и Туркия соли 2010 таъсис ёфтааст.

Бо истифода аз технология ва системаҳои пешрафта, ин иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, 4 ҳазор коргар дорад.

Дар ҳамин ҷо пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат суҳбати самимӣ доир намуданд.

Источник: president.tj