Боздид аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
94

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бо раванди парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхона, шинос шуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2011 инҷониб бо саҳми хоҷагидорон 37 гармхонаи анъанавӣ бунёд гардида, дар онҳо кишту парвариши навъҳои серҳосили қулфинай, помидор, бодиринг, картошка, кабудӣ, лимӯ ва дигар намуди зироат ба таври васеъ роҳандозӣ гардидааст ва ҳамасола деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қойдаҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев боз 4 гармхонаи нав сохта ба истифода дода шуд, ки дар он хоҷагидорон зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, кабудӣ, гулҳои мавсимӣ, картошка ва шалғам кишт намуда, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд.

Ҳар як гармхона дар масоҳати аз 4 то 16 садяк замин бунёд гардида, зироати кишоварзӣ ба таври маъмӯлӣ парвариш карда мешавад ва барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва рӯёнидани ҳосили баланд муътадилии ҳарорати гармхонаҳо тариқи системаи гармидиҳӣ ва нӯри офтоб дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ болопӯш ва атрофи он кушода хоҳад шуд. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд. 

Ҳамасола деҳқонони ин ҷамъият аз як гармхона то се маротиба ҳосил ҷамъоварӣ менмоянд.

Таъкид гардид, ки дар масоҳати даҳ садяки гармхона зиёда аз се ҳазор бех ниҳоли помидор шинонида шудааст ва дар давоми чор моҳ ба ҳисоби миёна то 10 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудан имкон дорад ва баъди он бодиринг ё дигар намуди зироат кишт карда мешавад.

Ниҳоли помидор ва дигар намуди зироатро худи хоҷагидорон парваришу омода мекунанд.

Кишоварзони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамчунин дар замини кушод, зери плёнка дар масоҳати нӯҳ гектар картошка, се гектар сабзӣ, як гектар шалғам кишт кардаанд ва кор дар ин самт бо маром идома дорад. Соли равон кишоварзони ҷамъият кишти картошкаро ба 100 гектар мерасонанд.

Аъзо ва саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ки 1650 нафарро ташкил медиҳанд, бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми фаъол доранд. 

Соли 2020 хоҷагидорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз гармхонаҳо 900 ҳазору 500 дона гули мавсимӣ, 36,5 тонна помидор, 5 тонна лимӯ ва 18,5 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуданд.

Саҳмдорони ҷамъияти мазкур аз дастгирии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои як сол, яъне соли 2021 тамоми кишоварзони мамлакат аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд, рӯҳбаланд шуда, аҳлона заҳмат мекашанд ва бо мақсади фаровонии бозор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш мебахшанд.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар маҷмӯъ 2 ҳазору 700 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст.

Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид гардид, ки деҳқонони вилояти Суғд дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо сол то сол дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад. 

Дар асоси татбиқи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят 459 гармхонаи хурду бузург бунёд гардида, дар онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Давоми соли гузашта хоҷагидорони вилоят аз гармхонаҳо зиёда аз 1 ҳазору 500 тонна маҳсулот, аз ҷумла 852 тонна помидор, 223 тонна бодиринг ва 271 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намуданд.

Дар соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёди боз 36 гармхонаи наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

Источник: president.tj