Боздид аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» дар ноҳияи Ховалинг

0
21

16 июл дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» дар ноҳияи Ховалинг дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар намуди зироат таҷрибаи бой дошта, дар роҳи расидан ба яке аз 4 ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад.

Ин хоҷагӣ соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва 4 нафар саҳмдор дорад.

Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ мебошад.

Аҳли захмати хоҷагӣ соли равон дар як гектар замин парвариши сабзавотро дар асоси тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондаанд. Ин шабурӯз зироати хоҷагидорон нашъунамои хуб дорад.

Дар заминҳои хоҷагӣ аксар намуди зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лубиё, ҷуворимакка барои дон, ҷорӯб ва дигар маҳсулот ба назар мерасад.

Истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди парвариши сабзавот ва риояи агротехникаи кишту парвариш ба таъмини фаровонҳосилӣ дар қитъаҳои хоҷагии мазкур замина гузоштааст.

Хоҷагидорон соли гузашта 1 тонна пиёз, 2 тонна картошка, 1 тонна гандум ҷамъоварӣ намуда, дар ин баробар лубиёдонагӣ ва помидору бодиринг низ истеҳсол ва ба миқдори зарурӣ дар қуттиҳои шартӣ захира намуданд.

Парвариши сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ асосан, барои таъмини эҳтиёҷоти хонаводагӣ ва захира барои ду соли оянда пешбинӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз рафти корҳои агротехникӣ ва кишту парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» ба фаъолияти аҳли заҳмат дар самти риояи маданияти баланди истифодабарии замин баҳои баланд дода, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Источник: president.tj