Боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
56

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ”-ро оилаҳои Муҳиддиновҳо ва Тоҳировҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд намуда, имрӯз зиёда аз 10 нафар аъзои ин ду оила дар майдони токзор ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти токзор хоҷагидорон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ” 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои “ҳусайнӣ”, “шоҳона”, “победа”, “ҳусайнии сиёҳ” ва дигар намудҳо пеш аз ҳама барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот нигоҳубину парвариш карда мешаванд.

Хоҷагидорон аз он изҳори қаноатмандӣ доранд, ки аллакай ду сол инҷониб аз ин токзор ҳосили фаровони ангур ба даст оварда истодаанд.

Соли гузашта ҳосили аввали ин майдони токзори навбунёд 25 тоннаро ташкил дод. Имсол бошад ҳосили ангур дар майдони токзори хоҷагӣ хеле фаровон буда, интизор меравад, ки ангурпарварон дучанд ҳосил мегиранд.

 Мавриди зикр аст, ки парваришу нигоҳубини ангур дар хоҷагии “Дӯстӣ” аз рӯи таҷрибаву анъанаҳои миллии ангурпарварии халқи тоҷик бо истифода аз талаботи агротехникии пешрафта ва муосир, аз ҷумла усули интенсивӣ ба роҳ монда шуда аст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ангурпарварон, ҷамъоварии ҳосили рӯида дар токзори хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам зиёд кардани майдони токзори хоҷагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани нигоҳубину парвариши навъҳои дигару ҳосилхези ангур, зиёд намудани ҳосилнокӣ ба масъулони хоҷагӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Источник: president.tj