Боздид аз ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим”-и шаҳри Панҷакент ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

0
180

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз намоишгоҳи кишоварзони шаҳр ва ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳқонони шаҳри Панҷакент бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ мондаанд.

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ 28 ҳазору 152 гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 500 гектар зиёд мебошад.

Соли равон дар хоҷагиҳои шаҳри Панҷакент 14 ҳазору 473 гектар ғалладонагиҳо, 6 ҳазору 623 гектар картошка ва 2 ҳазору 126 гектар сабзавот кишт шуда буд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки кишоварзони шаҳри Панҷакент бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар кишти такрорӣ дар майдони 2220 гектар, аз ҷумла 82,3 гектар картошка, 300 гектар ғалладонагиҳо ва 315 гектар сабзавот коридаанд, ки аллакай қисман ҷамъоварӣ гардида, дар боқимонда заминҳо корҳои ҳосилғундорӣ идома дорад. Ба ҳолати даҳаи якуми моҳи сентябри соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 225 тонна маккаи дон, 59 ҳазору 856 тонна картошка, 43 ҳазору 75 тонна сабзавот, 12,5 тонна мева ва 732 тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии шаҳр, ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.  

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, танҳо дар давоми соли равон дар майдони 15 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 8 гектар боғ ва 7 гектар токзор бунёд карда шудааст. Ҳамчунин 93 гектар боғоту токзорҳои кӯҳна барқарор гардида, дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд шуд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур дорои 1460 гектар замин буда, аз ин 259,19 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ сабзавоткорӣ буда, ҳамасола ҳосили бадастомада ба бозорҳои дохилу хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Вабаста ба вазъияти баамаломада саҳмдорони хоҷагӣ кишту парвариши навъҳои картошкаро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҳамин аст, ки баъди бардошти ҳосили якум, хоҷагидорон майдони такрории кишти картошкаро 2 баробар зиёд намуданд, ки ҳоло нашуънамои хуб дорад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии мазкур, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқононро ба васеъ намудани майдони кишти маҳсулоти аввалия ва рушди боғу токпарварӣ ҳидоят намуданд.

Кишоварзон ваъда доданд, ки ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатии вобаста ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамеша талош намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Источник: president.tj