Боздид аз ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

0
45

Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.

Тибқи лоиҳа дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира карда мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.

Вобаста ба талаботи лоиҳа баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд хобонидани маводи гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ мегардад. Барои коркарди гилхок дар кони мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар чор қитъаи кон гузошта шудааст аст, ки тавассути он гилхок бо андозаҳои  0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад. Ин дастгоҳҳо иқтидор доранд дар як соат ҳар кадом он дар алоҳидагӣ аз 100 то 400 тонна гилхокро коркард намоянд. 

Ҳаҷми лоиҳавии истифодаи маводи гилхок дар ядрои сарбанд 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва то сатҳи 1110 метр, 3,35 миллион метри мукааб гилхок хобонида мешавад.

Мутахассисону коргарон талош меварзанд то коркард ва захираи гилхок дар қитъаҳои кон мувофиқи нақша ба иҷро расонида шавад. Аз оғози корҳо то инҷониб дар кони мазкур зиёда аз 600 ҳазор метри мукааб гилхок коркард ва захира карда шудааст.  

Корҳои сохтмонӣ дар чоҳи мавҷшикани нақбҳои обпартои СТ-4, НLО1, ки дар минтақаи поёнии кони №17 ҷойгир аст, аз моҳи июли соли равон оғоз гардид.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои хокбардорӣ дар ин мавзеъ зиёда аз 1,5 миллион метри мукааб мебошад ва аллакай беш аз 100 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.

Дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои СТ-4, HLO1 ва OVS1/2  корҳои хокбардорӣ бо дарназардошти корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа зиёда аз 1,46 млн метри мукаабро ташкил медиҳад ва ҳоло дар ҳаҷми зиёда аз 700 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.

Нишебиҳо бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам карда мешаванд.

Дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ 304 ҳазору  890 метр анкерҳои АЖГ насб карда мешаванд. То имрӯз 30 ҳазор метр анкерҳои АЖГ насб карда шудааст.

 Насби анкерҳои ПНА бошад, дар қитъаи мазкур 877 ҳазору 590  метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ аз рӯи лоиҳа 139 ҳазору 54 метри мураббаъро дар бар мегирад ва то имрӯз 25 ҳазору 365 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошида шудааст.

 Ҳоло корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд ҷараён доранд.

Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 5 ҳазору 800 нафар кормандону муҳандисон ва беш аз 950 адад техникаю механизмҳо ба кор сафарбар карда шудааст.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назарраси  коргарону мутахассисон дар кони №17 дар самти коркард ва захирасозии гилхок, ки дар ядрои сарбанд истифода мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти корҳои бунёдӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” техника ва механизмҳои муосирро барои сохтмон ворид намдудааст ва беш аз 100 адади онҳо дар ҳамин ҷо муаррифӣ карда шуданд.

Техникаи муосир асосан, барои корҳои сангу шағалкашӣ пешбинӣ гардидааст, ки иқтидори бобардорияшон аз 25 то 90 тонна мебошад.

Источник: president.tj