Бори аввал: наздики 12 ҳазор сокини Бадахшон бо барқ таъмин мешаванд

0
47

Бори аввал: наздики 12 ҳазор сокини Бадахшон бо барқ таъмин мешаванд

Лоиҳаи таъмини 61 деҳаи вилоят татбиқ мешавад. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 25,2 миллион доллари америкоӣ тариқи грант пешбинӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи дурдастарини Бадахшон лоиҳаи нав татбиқ мегардад, хабар медиҳад “Ховар”.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур наздики 12 ҳазор сокини ВМКБ бори нахуст бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкати “Помир Энерҷӣ” барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи нав татбиқ менамояд. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 25,2 миллион доллари америкоӣ тариқи грант пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад,  22 апрел зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ созишнома байни “Помир Энерҷӣ” ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот”-ро тасдиқ намуданд.

Созишномаи зикршуда 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни шарҳи масъала дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумон иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳа бо барқ таъмин кардани деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии деҳаҳои мавриди татбиқи лоиҳа қароргиранда 20  деҳа ба ноҳияи Мурғоб, 21-то ба ноҳияи Рӯшон, 9-то ба ноҳияи Ванҷ, 4-то ба ноҳияи Дарвоз, 3-тоӣ ба ноҳияҳои Рошқалъаву Шуғнон ва 1-то ба ноҳияи Ишкошим рост меояд.

Источник: sputnik-tj.com