Бонувон дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ пешсафанд-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ ба шарафи Рӯзи Модар дар Бадахшон

0
162

Бонувон дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ пешсафанд-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ ба шарафи Рӯзи Модар дар Бадахшон

ХОРУҒ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он занони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат доштанд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов бонувонро бо ин иди пуршараф табрик намуда, изҳор дошт, ки “имрӯз нақши  бонувон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф, фарҳангу тандурустӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат  бағоят бузург аст.

Мушоҳидаҳои солҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳар идораву муассисаи давлатию ҷамъиятӣ агар зан роҳбар бошад, дар он ҷо тартибу низом, покизагию озодагӣ ва қонуну адолат риоя карда мешавад. Ҳоло теъдоди хизматчиёни  давлатӣ дар вилоят  733 нафарро ташкил медиҳад, ки 28 фоизи онҳо занонанд. Аз 270 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мансаби роҳбарикунанда фаъолият доранд, 65 нафарашон бонувон мебошанд. Дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ки ҳафтае пеш баргузор шуд, 22 нафар бонувон ба вакилӣ интихоб шуданд, ки назар ба як соли пеш  теъдодашон як баробар зиёд аст. Ин аз заҳмату талош ва хизмати шоистаашон барои ҷомеа шаҳодат медиҳад”.

Бонувон дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ пешсафанд-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ ба шарафи Рӯзи Модар дар БадахшонЗикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақом ва мартабаи зан- модар баҳои баланд дода, барои ҳарчи бештар ба таҳсил ва кор ҷалб намудани ҷавондухтарон ва занони хонашин супоришҳои ҷиддӣ доданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми имконияту захираҳояшонро истифода мебарад, то дастуру супоришҳои Сарвари давлатро иҷро намояд.

Як гурӯҳ бонувон барои фаъолияти софдилонаву пурсамар ва саҳми арзишманд дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят бо Ифтихорномаи раиси вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба чанд нафар аз хабарнигорони  воситаҳои ахбори омма медали ҷашнии “Садсолагии матбуоти тоҷик” ва ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим шуд.

Маҷлиси тантанавӣ бо  барномаи адабӣ-мусиқии «Модар фаришта аст», ки онро ҳунармандони театри вилоятӣ таҳия намудаанд, ба поён расид.

Источник: khovar.tj