Бонки миллӣ: давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тамдид мешавад

0
177

Бонки миллӣ: давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тамдид мешавад

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз  11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00 тамдид намоянд.  Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шуда, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Источник: khovar.tj