Бонки миллӣ барои пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд

0
214

Бонки миллӣ барои  пешгирии таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо ва блоки иқтисодию молиявии мамлакат дар шароити пандемия, ки бар асари хуруҷи  бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон эълон гардидааст, кадом тадбирҳои зиддибуҳронӣ меандешад?

Дар посух ба саволи хабарнигори  АМИТ «Ховар»  аз Бонки миллии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки бо мақсади пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемия Нақшаи чорабиниҳои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия гардидааст. Ҳамзамон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Бонки миллии Тоҷикистон ситод таъсис дода шудааст.

Дар ин раванд ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ  аз эҳтимоли паҳншавии вируси сироятии COVID-19, инчунин кам кардани сарборӣ дар муомилоти пулии мамлакат вазифадор карда шуданд, ки чораҳои заруриро фавран амалӣ намоянд.

Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат ва вазорату идораҳои марбута пешниҳодҳоро оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва низоми бонкӣ ирсол намуд

Алҳол Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, назири Хазинаи Байналмилалии Асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи наздику дур ҳамкории судманд роҳандозӣ намудааст.

Источник: khovar.tj