БОНГИ ИЗТИРОБ: танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабии ноҳияи Ёвон ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд

0
231

БОНГИ ИЗТИРОБ: танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабии  ноҳияи Ёвон ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд

ЁВОН, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоботи омории шуъбаи маорифи  ноҳияи Ёвон маълум мегардад, ки бинобар кам будани муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронист.

Ин матлаб зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон дар соли 2019, ки дар Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори Корхонаи давлатии коммуналии «Маркази дастгирии кишоварзӣ» Назарбек Шарипов доир шуд, баён гардид.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 2 миллиарду 464,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки  нисбат ба соли 2018  275 миллиону 141,2 сомонӣ зиёд буда, аз он маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 542,9 миллион сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ 1 миллиарду 39,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

БОНГИ ИЗТИРОБ: танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабии  ноҳияи Ёвон ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаандТибқи иттилои манбаъ, то ин муддат дар ноҳия 454 ҷойи кори доимӣ ва 2591 ҷойи кори муваққатӣ муҳайё гардидаанд.

Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зикр кард, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур аст, ки лоиҳаҳои дахлдор оид ба таъсиси корхонаҳои коркарди нахи пахта омода карда, ин маҳсулоти гаронбаҳо дар худи ноҳия ва қаламрави мамлакат коркард шавад.

Ҳамчунин  таъкид гардид, ки масъулини соҳаҳои иқтисодӣ бояд зимни пешниҳоди ҳисобот ба масъалаи содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ диққати бештар диҳанд. Зеро, чуноне ки ба назар мерасад, омори дар ин самт манзургардида асоснок карда нашудааст.

Аз ин рӯ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар соҳаҳои  маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ба масъулини соҳаҳои мазкур дастур доданд, ки  дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин  ин мушкилотро бартараф намуда, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои фарҳангӣ ва беҳтар намудани ҳолати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Источник: khovar.tj