БОКС: се варзишгари тоҷик барои гирифтани роҳхати олимпии Токио-2020 талош доранд

0
108

БОКС:  се  варзишгари  тоҷик барои гирифтани роҳхати олимпии Токио-2020 талош доранд

ДУШАНБЕ, 10.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 март  қувваозмоиҳои даври чорякфиналии мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун доир шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ, Давлат Болтаев дар вазни -91кг аз варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит мағлуб гардиданд. Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад. Ӯ имрӯз, 10 март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун ноком шуда буд, баъдан 11 март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон)/ Нгуйен Суонг (Ветнам) рақобат мекунад. Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг дар чорякфинал аз Обада Алкасбаи урдунӣ, Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб гардиданд. Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ қувва месанҷанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карданд, ки 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб гардиданд.

Источник: khovar.tj