Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд

0
175

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 ноябри соли равон то 4 июни соли 2020 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, бо иштироки олимону коршиносон, равоншиносону мутахассисон ва ходимони дин дар муассисаиҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии мамлакат, ки дар  пойтахт  фаъолият менамоянд, ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд.  Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, вохӯрии нахустини ҳайати корӣ имрӯз — 8 ноябр  бо ташаббуси мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе бо иштироки доираи васеи муҳассилину унвонҷӯён ва омӯзгорону устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур   масъалаҳои ташаккули  тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондўстӣ, ҳифзи солимии маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки  икдоми мазкур бо мақсади  иҷрои   бандҳои марбутаи  нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 роҳандозӣ мегардад.

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ, миёна ва олии касбии пойтахт ҳамоишҳои маърифатӣ-тарбиявӣ баргузор мегарданд

Источник: khovar.tj