Бо қарори Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор мешавад

0
124

Бо қарори Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе   Фестивали «Оши палав» баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»  баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.    

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Фестивали мазкур ба   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида  мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Фестивали «Оши палав» тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мардуми  тоҷик мебошад.

Фестивали «Оши палав»  14 март доир гардида, дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳр ҳунари худро пешниҳоди иштирокдорон менамоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj