БМТ: Баррасии ҳамкориҳо бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА

0
15

21 сентябри соли 2022 вохӯрии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо директори Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА барои давлатҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ҷаноби Норберт Функе баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

БМТ: Баррасии ҳамкориҳо бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон саҳми Хазинаи Байналмилалии Асъорро дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори омилҳои инсонӣ дар бахши молиявӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои ҳамкориҳои доимӣ ва дастгирии ХБА ба низоми бонкӣ ва дар маҷмуъ иқтисодиёти миллии мамлакат изҳори сипос намуд. 

Толибзода Ф. аз нақши Марказ ва фаъолгардии он дар давраи ҳассос ва мушкили пандемияи COVID – 19 махсусан қайд намуд, ки он барои бонкҳои марказӣ ба ҳайси майдони муколама дар муҳокимаи масъалаҳои муҳим ҷиҳати қабули қарорҳо ва чораҳои ҷавобӣ дар самти танзим ва назорати бонкӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ ва идоракунӣ дар шароити буҳронӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар фаъолияти фосилавӣ ва амсоли инҳо хизмат менамояд. Маҳз фаъолияти ҳамин Марказ дар даврони мураккаби пандемия имкон фароҳам овард, ки беш аз 260 нафар мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла семинар, вебинар, мизи гирд ва муҳокимарониҳо ба таври фосилавӣ ширкат варзида, донишу малакаи худро такмил диҳанд.

БМТ: Баррасии ҳамкориҳо бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА

Ҳамзамон муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории оянда бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА дар самти танзим ва назорати низоми бонкӣ бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, бахши сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми пардохт, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, танзим ва назорати суғуртавӣ, таҳияи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ, низоми комплаенс бо ҷалби кӯмаки техникӣ изҳори назар кард. 

БМТ: Баррасии ҳамкориҳо бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА

Ҷаноби Норберт Функе изҳор намуд, ки Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА бо 9 давлати дунё, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мутақобиларо ба роҳ мондааст. Номбурда барои густариши ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзим ва назорати бонкӣ, ки барои суботи молиявӣ ва рушди иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад, омодагии хешро баён намуд. 

Дар маҷмуъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Шуъбаи матбуот

Источник: nbt.tj