Бидуни корона: табибони қурбонии аввалини “пневмония” озод шуданд

0
123

Бидуни корона: табибони қурбонии аввалини “пневмония” озод шуданд

 Қарантинаи 19 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар пайи маргумирҳои гуногун ва эҳтимоли гирифторӣ ба вируси корона ба шифохона интиқол ёфта буданд, ба анҷом расид. Мақомот мегӯянд, ҳеҷ яке аз онҳо мариз нашуд

 ДУШАНБЕ, 26 апрел – Sputnik. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини раиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод шомили 11 табибу парастор ва бақия наздикону онҳое мебошанд, ки бо Ҳабибуллоҳ Шодиев ва Ҳоҷимуҳаммад Тошев, сокинони 1 ва 11 апрел фавтидаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, тамоси мустақим доштанд.

“Ҳама сиҳату саломат ҳастанд. Аломоте, ки вориди шифохона шуда буданд, бармало кард, ки гумонҳо дар бораи гирифтории онҳо ба “вируси корона” сиҳат надоранд”, – гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

11 табибу парастори Шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов онҳое мебошанд, ки аз 28 март то 1 апрели соли равон аз Ҳабибуллоҳ Шодиев, сокини 59 – солаи ноҳия муроқибат мекарданд.

Шодиев 1 апрел аз пневмонияи дутарафа ҷон ба ҷонофарин супурд ва дар деҳааш ба хок супурда шуд. Аммо 4 рӯз пас ҳамин табибу парасторон ва ҳам Абдуҷалил Шодиев, бародари Шодиеву писараш ба дардҳои гуногуни гулӯву сар ва нафастангӣ, дақиқан, аломатҳои вируси корона печида, ба Шифохонаи маризиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтанд.

Ҳамзамон 18 узви оилаи Ҳабибуллоҳ Шодиев дар Шифохонаи физиотерапевтии вилояти Суғд аз ин хотир, ки бо марҳум тамоси мустақим доштанд, қарантина ва 19 апрел рухсат шуданд.

Алишер Абдураҳимов, муовини сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки яке аз қарантинашудагон аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъдтар писари Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо духтуру парасторони тамосдошта бо ӯ низ ба гурӯҳи табибон пайвастанд.

“Азбаски мо 13 нафар бо дардҳои гуногун, аз ҷумла тасфи баланд, ба Беморхонаи сироятӣ интиқол ёфтем, эҳтимоли хуруҷи вируси корона дар мо зиёд буд ва моро қарантинаи 21 – рӯза карданд. Онҳое, ки бо Тошев тамос доштанд, ин гуна аворизро нишон надоданд ва муҳлати қарантинашон 14 рӯзи маъмулӣ буд. Ҳоло вазъи ҳама мо хуб аст ва дар хона ҳастам. Саҳар, Худо хоҳад, ба кор мебароям”, – гуфт ӯ.

Дар ҳоле, ки теъдоди гирифторони маризиҳои гуногун, қабл аз ҳама пневмония, дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир рӯ ба афзоиш дошта, ҳукумати кишвар ҳатто шифохонаҳои хосеро барои пневмония дар Душанбеву Ҳисор ва Хуҷанд таъсис дод, раҳоии қарантинашудагон аз ҷумлаи сокинони Ҷаббор Расулов хабари хуше барои сокинони кишвар буд.

Тоҷикистон ҳамоно расман кишвари орӣ аз вируси корона маҳсуб мешавад, аммо дар бораи ин, ки ин шабу рӯз чӣ теъдод аз мардум бар асари маризиҳои мухталиф, аз ҷумла пневмония, таҳти назорати табибон қарор доранд ва ё фавтидаанд, иттилои дақиқе вуҷуд надорад.

Источник: sputnik-tj.com