Беш аз 400 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил доранд

0
229

Беш аз 400 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил доранд

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар соли хониши 2019-2020 495 нафар шаҳрванди ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ба сифати донишҷӯ дар факултаҳои гуногун шомил шуданд.  Албатта, ин бо хуб шудани робитаҳои дӯстона миёни ду давлат ва саҳми арзандаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба даст омад. Ин нуктаро имрӯз, 5 феврал ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Зикр гардид, ки имтиҳоноти соли хониши ҷорӣ дар  ҳарду низоми таҳсил (кредитӣ ва фосилавӣ) тарзи қабули санҷишу имтиҳонҳоро дар маркази машваратии назди донишкада роҳандозӣ намуд. 92,7%-и донишҷӯён дар имтиҳонҳо иштирок намуданд. Ҷамъбасти санҷишу имтиҳонҳо нишон дод, ки донишҷӯён нисбат ба давраи соли 2018 натиҷаи хуб нишон дода, маҳорати худро дар кафедараҳои варзишӣ хуб натиҷагирӣ намуданд.

Ҳамзамон зимни нишаст аз ҷониби ректори донишкада иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада 18 кафедра ва 5 деканат фаъолият менамоянд.

Источник: khovar.tj