Беморхонаи шаҳри Роғун бо таҷҳизоти тиббӣ ва 2 адад мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардид

0
87

Беморхонаи шаҳри Роғун бо таҷҳизоти тиббӣ ва  2 адад мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардид

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нав COVID-19 аз ҳисоби буҷети шаҳри Роғун ва ҷалби соҳибкорону саховатмандон беморхона ва шуъбаи сироятии шаҳр бо таҳҷизоти  зарурӣ таъмин гардида, 2 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари таҷҳизот ва автомашина, табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ низ бо маводи ғизоӣ ва беморон ва шахсони дар  карантин қарордошта бо маводи зарурӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд.

То имрӯз аз ҳисоби соҳибкорон  ба   маблағи  умумии 669 ҳазору 600  сомонӣ  ба   соҳаи  тандурустии   шаҳри Роғун  кумак карда шудааст, ки аз иқдоми неки соҳибкорони ватанӣ дарак медиҳад.

Ҳоло саҳми табибон ва ҳамшираҳои тиб дар пешгирӣ ва табобати коронавирус назаррас буда, онҳо  шабу рӯз бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.

Источник: khovar.tj