Бег Қурбонзода: «Дар асоси маълумоти шаҳру ноҳияҳо вобаста ба фарқияти афзояндаи иҷтимоию иқтисодӣ байни шаҳр ва деҳот таҳлилҳо гузаронида шуд»

0
107

Бег Қурбонзода: «Дар асоси маълумоти шаҳру ноҳияҳо вобаста ба фарқияти афзояндаи иҷтимоию иқтисодӣ байни шаҳр ва деҳот таҳлилҳо гузаронида шуд»

ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти ҳисоботи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба фарқияти афзояндаи иҷтимоию иқтисодӣ байни шаҳр ва деҳот таҳлилҳо гузаронида шуданд.

Муайян гардид, ки рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот аз ҳисоби амалигардонии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида истодааст. Зеро бо амалӣ гардонидани ин ташаббуси бевосита фарқият байни шаҳр ва деҳот бартараф гардида, он барои фароҳам овардани шароити сазовори зиндагӣ мусоидат намудааст.

Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии  ин ниҳод баён намуд.

Зикр шуд, ки Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохторҳои дахлдори шаҳру деҳот ва ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ дар фаъолияти раисони маҳаллаҳои навтаъсис, таъминот бо утоқи корӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷои ҷамъиятии маҳалла мусоидат намудааст.

 Кумита дар шаҳри Хоруғ ба 21 нафар раисони маҳалла маоши мансабии баробар бо сармутахассисони шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр таъмин намудааст.  Таъмини маблағгузории маоши мансабии раисони маҳалла дар сохтори идоракунии маҳаллӣ тағйироти мусбат ба амал овард.

Зикр гардид, ки бо мақсади  таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ ва муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои дастгоҳи ҷамоати шаҳраку деҳот  лоиҳаи Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Кумита таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2019 тасдиқ гардид.

Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои Низомномаи мазкур ва қарор «Дар бораи таъсис додани ҷамоати деҳоту шаҳрак дар заминаи ҷамоати деҳоти Ховалинги ноҳияи Ховалинг» ва ҳалли масъалаҳои номгузории анъанавӣ дар маҳал барои иваз намудани 30 деҳаи шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд.

Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ оид ба сохтмон ва ба истифода додани иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ то ҷашни истиқлолият маълумот дода шуд. Иброз гардид, ки дар шаҳру деҳот  ҷалби сармоягузорони маҳаллӣ барои бунёдкорию созандагӣ рӯз то рӯз бештар мегардад.

Источник: khovar.tj