Баррасии зарурати фаъолияти равоншиноси мактабӣ дар барномаи «Бозтоб» -и Радиои «Ховар»

0
223

Баррасии зарурати фаъолияти равоншиноси мактабӣ дар барномаи «Бозтоб» -и Радиои «Ховар»

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа дар ҳама давру замон вуҷуд дошта, барои ташаккули дониш ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

Яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии насли ҷавон- ин аз овони наврасӣ дар фазои ором тарбия намудани ҷавон ва аз таъсири ҳама гуна зуҳуроти манфӣ ҳифз намудани мафкураи ӯ ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароит зарурати тақвият додани фаъолияти равоншиносон, бахусус равоншиносони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) ба миён меояд.

Зарурати фаъолияти равоншиносон дар МТМУ-и мамлакат ва омилҳои зӯроварӣ дар  муассисаҳои мазкур 18 декабр, соати 09:30 (асл) ва 20:30 (такроран) дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» аз Радиои «Ховар» рӯйи мавҷи 101,5 Fm дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода  баррасӣ мегардад.

Источник: khovar.tj