Баррасии сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он дар барномаи «Бозтоб» -и Радиои «Ховар»

0
186

Баррасии сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он дар барномаи «Бозтоб» -и Радиои «Ховар»

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Оила пояи асосии давлат буда, пешравии ҷомеа аз он вобаста аст. Ҳамин аст, ки мувофиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият  ҳимоя мекунад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари зиёд шудани теъдоди оилаҳои навбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудошавии бархе аз онҳо низ ба назар мерасад. Омилҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он 11 декабр, соати 09:30 (асл) ва (такроран) соати 17:30 21:30 дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» аз Радиои «Ховар» рӯйи мавҷи 101,5 FM дар таҳияи муҳаррир ва масъули барнома Манижа Баҳромзода  баррасӣ мегарданд.

Источник: khovar.tj