Баррасии бозии баҳсбарангези дастаҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” дар ФФТ ва муҷозоти довар

0
109

Баррасии бозии баҳсбарангези дастаҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” дар ФФТ ва муҷозоти довар

Кумитаи доварони Федератсия футболи Тоҷикистон бозии баҳсбарангези тими “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Хатлонро баррасӣ кард.

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсия футбол нишасти кумитаи доварон дар пайи шикояти тими “Хатлон”, ки иддао доранд дар бозӣ бо “Истиқлол” довар дар додани ҷаримаи ёздаҳметира ба ҳариф ва ихроҷи бозигарашон аз майдон ноҳақ буд.

Ба иттилои манбаъ дар пайи тамошои навори бозӣ ва баррасии он, Кумитаи доварони ФФТ  гуфтааст, тибқи қоидаҳои футбол тасмими додани ҷаримаи ёздаҳметира ба дарвозаи хатлон аз суи довари асосӣ Насрулло Кабиров дуруст буд.

Манбаъ мегӯяд, Кумитаи доварони ФФТ гуфтааст,  дар ҳолати дуввум, ки довар бо нишон додани корти сурх дар дақиқаи 80-уми рақобат  нимҳимоятгар Умарҷон Шариповро аз идомаи бозӣ маҳрум сохт, ҳақ набуд.

ФФТ мегӯяд, дар пайи баррасӣ корти сурхи Умарҷон Шарипов, нимҳимоятгари тими “Хатлон” бекор карда шуд.

Гуфта мешавд, бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, довар Насрулло Кабиров барои корти сурхи нодуруст нишондодааш  ба бозигари Хатлон аз доварӣ дар ду даври чемпионати Тоҷикистон маҳрум карда шуд.

Ёдовар мешавем бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Хатлон санаи 19 апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир гашта, бо ҳисоби мусовӣ 2:2 хотима дод. 

Дар пайи ин бозӣ аксар дустдорони футбол ва шореҳон гуфтанд, ки дар бозии маскур ду амалкади ноҷои довар ҳисоби “Истиқлол”-ро бо “Хатлон” баробар кард.

 

Источник: sputnik-tj.com