«Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

0
131

«Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ,27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон барои хонандагони худ оид ба ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Муҳимтарин масъалае, ки дар сархати инҳафтаинаи мутбуоти миллии мо қарор гирифтааст, ин омодагӣ ба баргузории интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Шарҳи бештари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №38 (23 893) панҷшанбе, 20 феврали соли 2020 дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба китобхониву китобдорӣ маводи хонданӣ нашр намудааст, ки ба қалами номзади илмҳои таърих Қурбоналӣ Бӯризода тааллуқ дорад.

Дар мақола омадааст, ки китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар он аксаран дастовардҳои беҳтарини хаттиву электронии инсоният захира ва мавриди инстифода қарор дода мешаванд. Китобхонаи имрӯза на танҳо дар баланд бардоштани донишу маънавиёти инсон, балки дар рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, такмили малакаи истифодаи таҷҳизоту васоити инноватсионии иртиботӣ, ошноӣ бо иттилооти замонавию дастовардҳои ҷаҳони муосир таъсири бориз дорад ва аз ҳама муҳим, зеҳни шахсияти китобдӯстро обутоб ва равнақ медиҳад.

Муаллиф ҳолати гузаштаву имрӯзаи китобдориву китобхонӣ дар мамлакат ва ҳадафу мақсадҳои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро ба риштаи таҳлил кашида, чунин хулоса намудааст: «Соҳаи китобдории тоҷик аз таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буда, рӯ ба сӯйи рушд ниҳодааст ва китобдорони кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо меҳнати содиқона ва софдилонаи хеш ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав комёб гарданд ва аз иҷрои нақшаҳои бузурге, ки имрӯз ҷомеаи муосир дар назди онҳо мегузорад, бомувафаққият бароянд».

«Ҷумҳурият» дар шумораҳои минбаъдаи худ оид ба иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Сарвари давлат дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба баргузории интихоботи дарпешистодаи парлумонӣ дар Тоҷикистон хабару гузоришҳои муфассал нашр кардааст.

Дар шумораи рӯзи 26 феврал нашргардидаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»- №42 (23897) хабарнигорони рӯзнома ва олимону адибони мамлакат хабару гузориш ва маводи таҳлилии зиёдеро оид ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимои мамлакат нашр намудаанд. Аз ҷумла,  дар саҳифаи дуюми рӯзнома андешаҳои  ходими калони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов зери  сарлавҳаи «Интихобот-шакли олии изҳори ирода» ба нашр расидаанд.

Муаллиф аз ҷумла навиштааст, ки интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ аст.  Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Интихоботи ошкорову озодонае, ки шаффоф ва дар чаҳорчӯби муайянкардаи қонун барпо мегардад,  воситаи асосии амалӣ гардондани соҳибихтиёрии халқу миллат  мебошад.

«Яке аз воситаҳои ба таври демократӣ гузарондани  интихобот ба тарзи бисёрҳизбӣ ташкил кардан ва анҷом додани он аст. Имрӯз дар ҷомеаи мо, ба ҳар ҳизби сиёсӣ имконияти баробар дода шудааст, то ки дар ҳамаи давраҳои маъракаи интихобот намояндагони онҳо фаъолона иштирок карда тавонанд. Интихоботи бисёрҳизбӣ бояд дар шароити ҳақиқии муборизаи солимонаи байни номзадҳо сурат гирифта, шаҳрвандон имконияти воқеии шинос шудан ба барномаи номзадҳоро дошта бошанд. Васоити ахбори омма ҳам ба  ҳамаи номзадҳо ва аҳзоби сиёсии расман сабтиномшуда имкон додааст, то барномаҳои пешазинтихоботии худро дар шароити баробарӣ ташвиқу тарғиб намоянд», — навиштааст Мирсаид Раҳмонов.

Дар шумораи ҳафтаи сипаригардида нашрнамудаи нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» таҳти №25 (4131) рӯзи сешанбе 25 феврал аз рафти ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ба нашр расидааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи Шӯро масъалаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният» аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода тавзеҳ дода шуд.

«Дар баробари муҳокимаи як зумра масъалаҳои рӯзнома аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» қарор қабул намуданд», — омадааст дар гузориш.

Дар ҳамин шумораи рӯзнома инчунин таҳти унвони «Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» мавод омода гардидааст.

«Аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур, №3 шаш номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — панҷ нафар намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва як нафар ба тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи нақша, вохӯрии номзадҳоро дар ду муассисаи таълимӣ, ки ҳамчун участкаҳои интихоботӣ муайян шудаанд, ташкил кардем. Баргузории вохӯрии дигар 26 феврал ба нақша гирифта шудааст. Умуман, омодагии ҳавза ба интихобот хуб аст», — навиштааст рӯзнома бо иқтибос ба суханони раиси комиссияи ҳавзавии ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур, №3, Фаридун Ҳакимов.

Мушкили асосӣ дар робита ба интихобот,- навиштааст хабарнигори «Садои мардум», аз ҷумла, дар ноҳияи Шоҳмансур он аст, ки шумораи интихобкунандагон ҳар рӯз иваз мешавад. Масалан, сокинони бархе аз маҳаллаҳое, ки тибқи нақша аз ҷои зисташон ба ҷои дигар кӯчонида шудаанд, дар қайди ҷои қаблӣ нестанд. Дар ҷои нав ҳанӯз ба қайд гирифта нашудаанд. Ин ҷиҳат сабаби он гардидааст, ки шумораи интихобкунандагон ҳар рӯз дигар шавад ва қисме аз овоздиҳандагон аз қайд берун монанд.

Хабарнигорони рӯзнома давоми ҳафтаи сипаригардида маводи сершумореро таҳти сарлавҳаҳои «Созандагӣ мароми ӯст», «Талаботи ҷиддӣ нишондиҳандаҳоро беҳбуд бахшид», «Байни драматургон ва коргардонҳо ҳамкорӣ бояд зич бошад», «Низоми интихобот падидаи муҳими демократист», «Мулоқоти намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон» ва ғайра маводҳои сершумори ҷолиу хонданӣ омодаву нашр намудаанд.

Нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» №9 аз 26 феврали соли 2020 мавод  оиди иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар паради ҳарбӣ ва дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори  27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистоноро ба нашр расонидааст.

Рӯзнома таҳти унвони «Промежуточный отчет миссии наблюдателей СНГ» — ҳисоботи Нозирони давлатҳои ИДМ дар барои омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ба чоп расонидааст.

Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои гузаронидани интихобот тибқи қонунгузории мамлакат  тадбирҳои зарурӣ андешидааст ва ба гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ омода аст.

Инчунин бахшида ба интихобот  маводи зиёде таҳти унвони «Главная цель заслужить доверие избирателей», «Встреча кандидатов  с избирателями» ва «Предвыборная кампания в Худжанде»  ба нашр расидаанд.

Хабарнигорони «Народная газета» дар ин шумора бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 –солагии Саразм, сиёсати хориҷии мамлакат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 75 –солагии Ғалаба бар фашизм ва ғайра хабару гузориш омода ва нашр намудаанд.

Дар шумораи инҳафтаинаи нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми  пойтахт» №8 (597) аз 26 феврали соли 2020 таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» номзадҳои ҲХДТ интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муаррифӣ гардида, ҳамзамон хабарнигорон дар бораи корҳои таблиғотиву ташвиқотии пешазинтихоботи маводи сершумор омода намудаанд.

Рӯзнома таҳти унвони «Интихобот иштироки фаъолонаро тақозо мекунад» маводи таҳлилӣ ба нашр расонидааст, ки ба қалами корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Ализода мансуб аст.

«Интихобот ҳамчун падида шакли зарурии инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто дар баъзе давлатҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Интихобот воситае мегардад, ки шаҳрванд дар ин раванд бевосита иштирок намуда, номзади фаъол ва арзандаи худро интихоб намояд ё худ мавриди интихоби дигарон қарор гирад ва ба василаи интихобот ба ҳокимияти марҳилаҳои сиёсӣ ворид гардад», — навиштааст муаллиф.

Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари Тоҷикистон, аз қабили «Халқ овозӣ», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди назар — ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии мамлакат, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳот, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр  намудаанд.

 Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj