БАРОИ МАШВАРАТ БО ТАБИБ БА КУҶО БОЯД МУРОҶИАТ НАМУД? Дар як шабонарӯз то 450 нафар шаҳрвандон ба телефони боварии Вазорати тандурустӣ занг мезананд

0
51

БАРОИ МАШВАРАТ БО  ТАБИБ БА КУҶО БОЯД МУРОҶИАТ НАМУД? Дар як шабонарӯз то 450 нафар шаҳрвандон ба телефони боварии Вазорати тандурустӣ занг мезананд

ДУШАНБЕ, 09.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Бо зиёд шудани шумораи шахсони гирифтори коронавирус, дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки тавассути телефони боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 311 барои кумак муроҷиат менамоянд, низ меафзояд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.

«Давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 400 то 450 нафар шаҳрвандоне, ки ба машварати тиббӣ оид ба коронавирус ниёз доранд, ба ин рақам занг мезананд», — мегӯяд манбаъ.

Мутахассисони ботаҷриба ба саволҳои мардум посух медиҳанд.

Тавре рӯзномаи «Вечерка» хабар медиҳад, шаҳрвандон инчунин метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд, то машварати тиббӣ гиранд ё шикоят кунанд.

227-31-74 – навбатдори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе. Метавонед занг занед ва аз болои амалҳои табибони пойтахт шикоят намоед.

235-11-11 — телефони боварии Прокуратураи генералӣ (шабонарӯзӣ). Тавассути он шикоятҳои шаҳрвандонро дар бораи нархҳои аз меъёр зиёди доруворӣ дар дорухонаҳо ва дар сурати рад кардани табибон аз расондани ёрии тиббӣ қабул мекунад.

  • Маркази саломатии шаҳрии № 1 231-87-21; 231-38-38
  • Маркази саломатии шаҳрии № 2 236-79-25
  • Маркази саломатии шаҳрии № 3 225-54-30; 225-43-21
  • Маркази саломатии шаҳрии № 4 234-54-75
  • Маркази саломатии шаҳрии № 5 226-04-16
  • Маркази саломатии шаҳрии № 6 221-15-83
  • Маркази саломатии шаҳрии а № 7 233-48-03
  • Маркази саломатии шаҳрии № 8 224-25-24
  • Маркази саломатии шаҳрии № 9 236-88-50
  • Маркази саломатии шаҳрии №10 236-44-61
  • Маркази саломатии шаҳрии №11 260-69-29
  • Маркази саломатии шаҳрии №12 234-27-89
  • Маркази саломатии шаҳрии №13 223-02-94
  • Маркази саломатии шаҳрии №14 918-61-20-89
  • Маркази саломатии шаҳрии №15 900-13-69-29
  • Источник: khovar.tj