Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун эълон гардид

0
259

Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун эълон гардид

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳр  ва мақомоти мазкур   озмун эълон намуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар қарори мазкур омадааст, ки Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи  тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.

Бояд гуфт, ки  вазифаи Сардори Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ва  мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раис, муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо аз ҷумлаи ин  мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошанд.

Довталабон метавонанд ҳамчунин барои ишғоли вазифаҳои сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси шуъбаю раёсатҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар озмун иштирок намоянд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯзи баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-64-31, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе www.dushanbe.tj

Источник: khovar.tj