Барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи дурдастарини Бадахшон лоиҳаи нав татбиқ мегардад

0
92

Барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи дурдастарини Бадахшон  лоиҳаи нав татбиқ мегардад

ДУШАНБЕ, 24.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи нав татбиқ менамояд. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 25,2 миллион доллари америкоӣ тариқи грант пешбинӣ гардидааст.

Дар ин бора 22 апрел зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода  баргузор шуд, қарори дахлдор қабул гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа вакилони мардумӣ Созишномаи лоиҳавӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Помир Энерҷӣ» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»-ро тасдиқ намуданд.

Созишномаи зикршуда 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаст.

Барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи дурдастарини Бадахшон  лоиҳаи нав татбиқ мегардадВазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни шарҳи масъала дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумон иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳа бо барқ таъмин кардани деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии деҳаҳои мавриди татбиқи лоиҳа қароргиранда 20  деҳа ба ноҳияи Мурғоб, 21-то ба ноҳияи Рӯшон, 9-то ба ноҳияи Ванҷ, 4-то ба ноҳияи Дарвоз, 3-тоӣ ба ноҳияҳои Рошқалъаву Шуғнон ва 1-то ба ноҳияи Ишкошим рост меояд.

«Яке аз хусусиятҳои асосии лоиҳа ин аст, ки 35 деҳаи мавриди татбиқи он қарордошта дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ аз ҳамдигар дур ҷойгир мебошанд. Аз ин рӯ, ягона роҳи бо барқ таъмин кардани онҳо- ин бунёди шабакаҳои барқии хурд тавассути харидорӣ ва васлу насби лавҳаҳои офтобӣ  дар 18 деҳа, дастгоҳҳои шамолӣ дар 6 деҳа, дастгоҳҳо барои неругоҳҳои хурди  обӣ дар 11 деҳа ба ҳисоб меравад»,- афзуд Усмоналӣ Усмонзода.

Ба гуфтаи вазир, дар 26 деҳаи боқимонда сохтмон ва навсозии 32 километр хатҳои интиқоли барқи 110 киловолт, 117 километр хатҳои интиқоли барқи 10 киловолт, 87 километр хатҳои интиқоли барқи 0,4 киловолт, насб намудани 61 адад трансформаторҳои тақсимотӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаҳои барқии мавҷудаи  мутамаркази вилоят пешбинӣ гардидааст.

«Яке аз афзалиятҳои асосии лоиҳа дар он мебошад, ки бо татбиқ гардидани он тахминан 12 ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои зикргардида бори аввал ба неруи барқи доимӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир дастрасӣ пайдо менамоянд»,- зикр шуд дар ҷаласа.

Бо назардошти ин, вакилони мардумӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқ намудани созишномаи мазкур якдилона ҷонибдорӣ ва аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.

Источник: khovar.tj