Баргузории мусобиқаи аспдавонӣ дар рӯзи Президент дар Душанбе

0
215

Баргузории мусобиқаи аспдавонӣ дар рӯзи Президент дар Душанбе

Бахшида ба Рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр дар кишвар таҷлил мешавад, дар пойтахти кишвар мусобиқаи кушоди аспдавонӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи раисҷумҳури Тоҷикистон 16 ноябри соли равон,  соати 10:00, дар Муассисаи давлатии “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди аспдавонӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи аспдавонӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа баргузор мешавад.

Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Тоҷикистон аз варзишгарон — чобуксаворони мамлакат хоҳиш кардааст, ки дархостҳои худро барои иштирок дар мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ба кумитаи тадорукот — Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ғолибони мусобиқа бо мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Источник: sputnik-tj.com