Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

0
122

5-6 апрели соли 2018 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гашт.

Ҷаласаро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфт. Зимни суханронӣ Ҳамидулло Машрабзода аз саҳми соҳаи суғурта дар бахши молиявӣ ва мавқеи он дар давлатҳои узви ИДМ махсусан қайд карда, ба иштирокчиёни ҷаласа фаъолияти самарабахш таманно намуд.

Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

Дар идомаи ҷаласа муовини директори Департаменти бозори суғуртаи Бонки Русия Светлана Никитина ба сухан баромада, оид ба бозори суғурта дар Федератсияи Русия ба ҳозирин маълумот манзур намуд ва роҳбарии ҷаласаро ба уҳда гирифт.

Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

Дар рафти ҷаласаи дурӯза иштирокдорон вобаста ба масоили ҳамкорӣ дар бозори суғурта дар доираи давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баромад ва муҳокимаҳо намуданд. Зимни ҷаласа инчунин масъалаҳои марбут ба суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва масъалаи пешгирии ҳаннотӣ дар бозори суғуртаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифтанд.

Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон инчунин лоиҳаи Созишнома оид ба тартиби амалӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ байни давлатҳо ва ворид намудани маълумотҳо ба сомонаи ягонаи бахши суғуртаи давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баргузории ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ

Яке аз масъалаҳои калидии ҷаласа — интихоб намудани Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил маҳсуб меёфт, ки ба он номзадии Габуния Филипп (Бонки марказии Русия) пешниҳод ва аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқ карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии роҳбарони мақомоти назорати суғуртавии давлатҳои аъзои ИДМ намояндагони роҳбарикунандаи бахши суғуртаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия, инчунин роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ ширкат варзиданд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Источник: nbt.tj