Барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян гардиданд

0
213

Барандагони  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 11.03.2019./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барномаи идонаи фарҳангӣ барпо шуд. Дар он  барандагони  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  муайян гардиданд. Ба гирифтани ҷоизаи мазкур дар соҳаи матбуот сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода, дар бахши телевизион директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» Вера Исмоилова ва дар бахши радио  сармуҳаррири Радиои «Овози тоҷик» Фазилат  Иброҳимова сазовор шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомади тантанавӣ радиои сол, телевизиони сол, маҷалла ва агентии сол эълон гардиданд.

Дар барномаи фарҳангӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва дигарон иштирок намуданд.

Барандагони  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  муайян гардидандМушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода доир ба роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик сухан гуфта, иброз дошт, ки  «нақши рӯзноманигорон дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ва арзанда мебошад. Аз ин рӯ рӯзноманигорон бояд дар самти фаъолияти худ масъулиятшинос ва зимни баррасии  масъалаҳои доғи ҷомеа дақиқназар бошанд».

Зикр шуд, ки сиёсати давлатӣ оид ба озодии матбуот дар ҷумҳурии мо некбинонаву дурандешона буда, баҳри фаъолияти пурсамари воситаҳои ахбори омма дар мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Мисоли волои ин гуфта аз моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, санадҳои меъёриву ҳуқуқии дигари соҳавӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», фаъолияти пурсамари матбуоти миллиро ба танзим медароранд.

Матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик расман ҷашн гирифта мешавад.

Тавре дар суҳбат бо мо муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иброз намуд, «тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакати мо воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр, чун дигар соҳаҳои илму фарҳанги Тоҷикистон ба дигаргуниҳои назаррас рӯ ба рӯ гардида, то андозае хусусияти худро тағйир ҳам доданд. ВАО тавонист таҳаввулоти ҷиддии мамлакат, яъне корҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ ва ободкориҳоеро, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд, сари вақт ва бо сифати баланд пешкаши хонандагони хеш гардонад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба кор даромадани ду агрегати Неругоҳи Барқи Обии «Роғун», ки воқеаи барҷастаи таърихӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон таъсири беназир дорад, аз тарафи кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва берун аз он  сари вақт ва бо сифати баланд инъикоси  хешро ёфтанд. Албатта,  чунин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои бузурги халқи тоҷикро  дар ин марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ  мисол овардан мумкин аст, ки аз тарафи матбуоти даврӣ ва радиову телевизион оҷилан ба табъ  расиданд».

Рӯзномаву маҷалла аз оғози фаъолият то ба имрӯз барои пешравии ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳо ва таҳким бахшидан ба давлатдорию  пешравии мамлакат нақши босазо бозидаанд. Дар ин росто, нақши рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдод, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле  назаррас аст. Дар замони  соҳибистиқлолӣ  теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.

Тавре устод Садриддин Айнӣ дар солҳои ташаккули матбуоти тоҷик навишта буд, «рӯзномаи ҳар қавм ва  миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Қавми бе рӯзнома мисли одами бе забон дарду ранҷ ва орзуву омоли худро гуфтаву барои муттаҳидиву якдилӣ саъю талош карда наметавонад. Акнун, ки қавми мо забон баровардааст, метавонад ҳамаи дардҳояшро ба рӯзномаи худ нависад, аз аҳволи олам бохабар шавад ва дарди дилашро ба воситаи  рӯзномааш, ки бо забони тоҷикист, ба ҳар кас во намояд».

Мувофиқи тартиби бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 376 адад рӯзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 264 номгӯй ғайридавлатӣ, 245 маҷалла- аз инҳо 114 ададаш давлатӣ ва 131 номгӯй ғайридавлатӣ мебошанд.

Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» буд, ки дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоён ба анҷом расонидааст. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда,  бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.

Зимни барномаи идона аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода як гурӯҳ рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китоб сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён хуб пазироӣ гардид.

Барандагони  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  муайян гардидандБарандагони  Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  муайян гардиданд

Источник: khovar.tj