Барқкушӣ дар пойтахт: чанд кӯчаи Душанбе имрӯз бебарқ мемонанд

0
138

Барқкушӣ дар пойтахт: чанд кӯчаи Душанбе имрӯз бебарқ мемонанд

Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Шабакаи барқтаъминкунии Душанбе бори дигар сокинонро ҳушдор додааст, ки имрӯз низ чанд кӯчаи пойтахт бебарқ мемонанд.

Ҳамин тавр,  бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рузи 28 апрел дар як қисми  кучаҳои ноҳияҳои Сино, Сомонӣ ва Фирдавсӣ бебарқ мемонанд.

“Аз соати 09:00 то 16:00 дар кӯчаҳои  А. Лоҳутӣ, Хуҷанбиёи боло ва поён, Советская ва Юсуф Вафои ин ноҳияҳо бебарқ мемонанд”, – омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре Шабакаи барқии Душанбе меафзояд, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Пештар Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, далели ирсоли ҳамчунин барқия ба шабакаҳои ширкат дар саросари кишвар афзудани шикоёти мардум аз қатъ шудани барқ аст.

Вай афзуд, шабакаҳо ба мардум бояд фаҳмонанд, ки ягон маҳдудият ё камбуди барқ дар кишвар набуда, он чӣ анҷом мешавад, тибқи нақша ва амри зарурӣ аст.

 

Источник: sputnik-tj.com