Барқияи таслият ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

0
59

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи таслият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!

Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам.

Халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки изҳори ҳамдардӣ ва таслияти моро ба наздикону пайвандони қурбониён бирасонед. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорам».

Источник: president.tj