Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

0
212

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медорам».

Источник: president.tj