Барқияи табрикӣ ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид

0
130

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Султони Умон сидқан табрику таҳният мегӯям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодатмандӣ ва дар иҷрои ваколатҳоятон дар ин маснади олӣ комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсту бародари Салтанати Умон сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.

Бо истифода аз фурсати нек изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Умон бар манфиатҳои мардумонамон минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Мо ҳамеша алоқаманди таҳкими ин раванд ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Зимнан омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъдаи муштарак дар ин ҷода, аз ҷумла тавассути фаъол гардонидани тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо, иброз медорам».

Источник: president.tj