Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

0
151

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Бо таманниёти беҳтарин аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чинро ба муносибати ҷашни санаи дорои аҳаммияти таърихӣ – 70-мин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин сидқан табрику муборакбодӣ менамоям.

Тайи ин давра Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои мухталифи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ба пешравиҳои азим ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шуд.

Ҳамаи ин дастовардҳои бошукӯҳ, албатта, натиҷаи заҳмату меҳнати хастанопазири тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти сиёсии он мебошад.

Мо аз ин комёбиҳои ҳамсояи бузург, нек ва боэътимоди худ изҳори хушнудӣ менамоем ва бар онем, ки онҳо заминаи мустаҳкамро барои рушди босуръати минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳама арсаҳо фароҳам меоранд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкиму тавсеаи анъанаҳои дӯстии қавӣ ва муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад».

Источник: president.tj