Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

0
90

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Шавкат Миромоновичи гиромӣ!

Мояи хушнудии ман аст, ки ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек фиристам.

Ба Шумо саломатии бардавому рифоҳ ва фаъолияти самарабахши минбаъдаи давлатӣ ба манфиати рушди устувор ва пешрафти Узбекистони дӯст, ба халқи бародари узбек сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.

Пирӯзии эътимодбахши Шумо дар интихоботи президентӣ боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии Шумост, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Итминон дорам, ки дар давраи ояндаи роҳбарии Шумо дар кишвар Узбекистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав хоҳад расид.

Ман саъю кӯшиши пайвастаи Шуморо ҷиҳати рушду густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Узбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ баланд арзёбӣ мекунам.

Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳоямон ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбекистонро пеш хоҳем бурд.

Бо истифода аз фурсат, омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда ҷиҳати ғанӣ гардонидани мундариҷаи муносибатҳои ду кишвар бо иқдомҳои амалан нав изҳор медорам».

Источник: president.tj