Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

0
122

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Никол Воваевич,

Дар иртибот ба талафоти гарон ва ҳузнангези фавти падари Шумо Вова Николаевич таъзияву ҳамдардии амиқи ин ҷонибро қабул фармоед.

Андӯҳи Шуморо шарикӣ карда, дар ин лаҳзаҳои вазнин барои Шумо ва ҳамаи наздиконатон сабри ҷамилу матонат хоҳонам».

Источник: president.tj