Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Маҷид Таббун

0
56

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир муҳтарам Абд-ул-Маҷид Таббун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа боиси ғояти андӯҳи мо гардид.

Марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир  саҳми босазо дошта,  бо саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд.

Лутфан аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самимии ин ҷонибро бирасонед. Ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун”.

Источник: president.tj