Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон

0
100

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Президенти Франсия Валери Жискар д’Эстен боиси андӯҳи  мо гардид.  

Ҷаноби Жискар д’Эстен, ба ҳайси шахсияти боризи давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди Франсияро муайян намуда, номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад. Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ҷаноби Жискар д’Эстен дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот низ боиси шинохти умум ва эҳтироми ӯ гардидаанд.

Лутфан тасалливу таъзияи самимии ин ҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми  мардуми дӯсти Франсия бирасонед».

 

Источник: president.tj