Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев

0
96

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,   

Хабари таркишҳои фоҷеабор дар қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон боиси андӯҳи мо гардид.

Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки  ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро ба наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеаи фавқулодда бирасонед. Барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.

Источник: president.tj