Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

0
97

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори амалкарди бераҳмонаи зӯроварӣ болои талабагон ва кормандони мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Қазон боиси андӯҳ ва нафрати амиқи мо гардид. 

Таъзия ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Источник: president.tj