Барқия ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

0
118

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам.

Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям.

Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам.   

Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред».

Источник: president.tj