«Барқи Тоҷик»: 2 ноябр дар Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ интиқоли барқ муваққатан маҳдуд карда мешавад

0
212

«Барқи Тоҷик»: 2 ноябр дар Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ интиқоли барқ муваққатан маҳдуд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки 2 ноябр дар доираи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар Хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Регар 500» — «Душанбе-500», «Ҷануб-Шимол» ва Зеристгоҳи «Душанбе-500» корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда мешаванд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10:00 то соати 15:00  интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Иншооти ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда барқ мегиранд.

Источник: khovar.tj