«Бар фарози қуллаҳо»-таҳти ин унвон асари таърихӣ ва фарҳангию адабӣ ба нашр расид

0
143

«Бар фарози қуллаҳо»-таҳти ин унвон асари таърихӣ ва фарҳангию адабӣ ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 09.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фарози қуллаҳо» ба табъ расид.

Муаллиф дар китоб маҷмӯи мақолаҳои адабӣ-публитсистиро дар бораи истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, шукӯҳу азамати Неругоҳи барқии Роғун, Наврӯзи Аҷам, инчунин қаҳрамониҳои ниёгони мо, аз ҷумла давлати Сомониён дар роҳи озодиву соҳибдавлатӣ дарҷ намудааст.

Дар китоб силсиламақолаҳо зери унвони «Ёдҳо ва хотираҳо» ҷой дода шудаанд, ки хонандагон бо рӯзгори ибратомӯз ва осори безаволи қаҳрамонони Тоҷикистон Устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода шинос мегарданд.

Ҳамчунин лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёт ва эҷодиёти адибону донишмандон, назири устод Лоҳутӣ, Саид Нафисӣ, Саҳбо, Туғрал, Ҳайрат, академик Зариф Раҷабов, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Раҳимӣ, Зеҳнӣ, Ҳабибулло Назаров мавриди тасвир қарор гирифтаанд.

Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллозода ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ӯрун Кӯҳзод дар сарсухани китоб онро армуғони сазовори Истиқлолият дониста, иброз намудаанд, ки «Китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фарози қуллаҳо» асари таърихӣ, фарҳангию адабӣ, илмию оммавӣ буда, аҳамияти муҳими тарбиявӣ дорад. Он ба торҳои нозуки эҳсос нохун зада, хотираи таърихиро меафзояд, дар қалбҳо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ваҳдату ифтихори миллиро бедор менамояд».

Источник: khovar.tj