Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

0
30

Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Лутфан бифармоед, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, халқи Чин ва шахсан аз номи худам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти шодбоширо ба муносибати ҷашни анъанавии Тоҷикистон — Наврӯз арз намоям!

Зимни мулоқоти дуҷонибаи мо, ки дар рафти саммити Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд моҳи сентябри соли гузашта доир гардид, мо ҷиҳати таъмиқи муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкории амалӣ, ҳамчунин атрофи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом дода, ба як қатор тавофуқоти муҳим расидем, ки самти  рушди минбаъдаи муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистонро возеҳ муайян карданд.

Ман ба густариши муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, аз иштироки Шумо дар саммити якуми “Чин ва Осиёи Марказӣ” ва боздиди Шумо аз Чин бо сафари давлатӣ дар моҳи майи соли равон истиқбол менамоям. Интизор дорам, ки бо мақсади пешбурди ҳамкории дуҷониба ба марҳалаи ҷадид мо бо Шумо нақшаи бузурги рушди муносибатҳои байни Чин ва Осиёи Марказӣ, Чин ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон комёбиҳои бузург орзу менамоям.

Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон саодату некӯаҳволӣ хоҳонам».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,

Ба гулзор ой, к-аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

(Ҳофиз)

 

Бо камоли хушҳолӣ фаро расидани Наврӯзи бостонӣ, ҳангомаи растохези табиат ва оғози соли 1402 ҳиҷрии шамсиро ба Ҷаноби Олй ва мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Баҳор мавсими тағйир ва дигаргунии замин ва табиат, фасли нав шудан ва аз нав барангехта шудан ва нишонае барои аҳди тафаккур ва андеша аст, то ба воситаи ҷустуҷӯ ва андеша дар яке аз бошукӯҳтарин ҷилваҳои табиии ҷаҳони ҳастӣ раҳ ба сӯи ҷамоли Парвардигори хеш баранд ва Наврӯз ин оини пурмеҳру куҳан, мазҳари фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсола ва ғанй, ёдовари ишқу меҳрварзӣ, башоратгари таровату тозагӣ, мояи бедории дил ва нишон аз қудрати безаволи илоҳӣ аст.

Умедворам, ба муборакии ин Наврӯзи фархунда, таҳаввули азим дар ҳолу аҳвол ва қалбҳои мардумонамон рух диҳад ва ба воситаи пайвандҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангии муштараки баргирифта аз Наврӯз битавонем бо тавсеа ва таъмиқи равобит ва муносиботи дӯстонаи байни кишварҳоямон дар масири рушду пешрафти миллатҳоямон гом бардорем ва дар ин росто Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи муносибот ва ҳамкории беш аз пеш бо тамомии кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз дар ҷиҳати густариши сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон аст.

Аз Худованди мутаол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзиву шодкомӣ мардуми кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соле ҳамроҳ бо хайру баракат барои ҳамагон орзу дорам».

Дар номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев чунин навишта шудааст:

«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Бародари азиз,

Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо иди Наврӯз – рӯзи бедорӣ ва таҷдиди табиат самимона табрик менамоям.

Моҳияти қудсии Наврӯз тӯли ҳазорсолаҳо ба таври равшан дар шарафмандии мардумони бародари мо ифода мегардид ва имрӯз ин ҷашни беназир ба дилҳои мо шодии беканор мебахшад.

Хоссатан, он ҷиз мояи хушнудии мост, ки дар солҳои охир байни Узбекистону Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ, ки бар пояи усули некуҳамсоягӣ, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак устувор гардидаанд, тавсеа меёбанд. 

Эътиқоди қавӣ дорам, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои минбаъдаи сатҳи олӣ ва саъю талоши муштаракамон муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни кишварҳои дусти мо дар оянда ҳам рушд хоҳанд кард.  

Аз фурсат истифода бурда, дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Шумо ва ҳамаи аъзои оилаатон саломатии бардавом, бахту саодат ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафти ҳамешагӣ таманно дорам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати ҷашни Наврӯз табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон бипазиред.

Мардумони ба ҳам бародари мо ин ҷашни аз қадимулайём соҳибқадрро ҳамчун тантанаи созгорӣ ва ваҳдат, баёнгари накӯкории беғаразона ва саодатмандӣ бо эҳсосоти гарми хосса истиқбол мегиранд. Бигзор ин рӯзҳои фараҳбахши Наврӯз барои мо нури меҳрубонӣ афрохта, ба давлатҳои ба ҳам муттафиқи мо некӯаҳволӣ ва рифоҳ ато фармоянд.

Итминон дорам, ки ба шарофати талошҳои муштарак шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки бар дӯстии безавол ва дастгирии якдигарӣ асос ёфтааст, минбаъд низ ба нафъи мардумони ба ҳам наздики мо рушд хоҳад кард.

 Бо истифода аз ин фурсат ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар татбиқи ҳамаи иқдомҳоятон ба хотири ояндаи дурахшон ва шукуфоии Тоҷикистон комёбиҳо, ба мардуми кишвари Шумо саодату некрӯзӣ орзу менамоям.

Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон файзу баракат ва шукуфоӣ биоварад!»

Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Шуморо бо ҷашни Наврӯз – тантанаи бузурги табиати баҳорӣ муборакбод мегӯям.

Бигузор сулҳу ризоияти Наврӯзи фархунда ба кишварҳои ба ҳам дӯсти мо  ҳадяи саховатмандона намуда, ба онҳо шодию фараҳ бахшад.

Изҳори боварӣ менамоям, ки дар партави ин иди умумиамон ҳамкории давлатҳои мо, ки бар пояи арзишҳои маънавӣ ва робитаҳои дӯстӣ устувор шудаанд, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Дар ин лаҳзаҳои наҷиб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии бардавом ва бахту иқболи фаровон, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон зиндагии осоишта ва шукуфоӣ орзӯмандам».

Дар табрику таҳнияти Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин омадааст:

«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Шарафмандам, ки ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти бехтарини   худро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ирсол намоям.

 Наврӯз ҳамчун паёмвари эҳёи табиат, таҷдид ва созандагӣ, дар худ чунин арзишҳои умумибашарӣ, ба мисли сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро таҷассум намудааст. Ин ҷашн, ки дастоварди умумии мост, барои бо ҳам наздик шудани мардумон нақши муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои боэътимоди байнидавлатӣ мусоидат менамояд. 

Бигузор, ин ҷашни мунаввар барои Шумо ва тамоми мардуми кишвари Шумо шодию сурур ва хушбахтиву некуаҳволӣ оварад».

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:

«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,

Аз номи худ ва мардуми Озарбойҷон Шумо ва мардуматонро ба муносибати фарорасии иди Наврӯз сидқан табрик менамоям.

 Ин ҷашн ҳамчун ифодаи эҳтиром ба низоми абадии табиат, таҷассумгари саҳми арзишманди мардумони мо ба фарҳанги башарӣ мебошад. Он ба сифати рамзи бедорӣ, тароват ва зебоӣ, ба қалби одамон роҳ ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ва ягонагиро бо ҳама зебоияшон тараннум менамояд.

 Бовар дорам, ки бо такя ба иродаи мардумонамон, мо минбаъд низ барои ҳифзу таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Озарбойҷону Тоҷикистон саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод.

Ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтиву комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон рифоҳи ва шукуфоии абадӣ таманно дорам».

Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди Наврӯз муборакбод мегӯям.

 Ин ҷашн, ки мардумонамон таҷлил менамоянд, рамзи фарорасии баҳори деринтизор ва бедории табиат аст. Наврӯз, ки дар монандии одату арзишҳои фарҳангии мо зоҳир мегардад, таърихи умумии мардумони моро инъикос менамояд.

Бовар дорам, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар рӯҳияи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва некӯҳамсоягӣ таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт.

Ба Шумо саломатии бардавом, беҳбудӣ ва муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзӯ менамоям».

Дар табрикоту таҳнияти Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд чунин омадааст:

«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Рахмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худо ҳифзашон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Бо камоли фараҳмандӣ Ҷаноби Олиро ба муносибати Иди Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманиёти саломатию саодатмандӣ ва барои ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайвастаро тақдим менамоям».

Дар табрикоту таҳнияти Валиаҳд, Раиси Шӯрои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд чунин омадааст:

«Бародари азиз,

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худо ҳифзашон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Бо камоли фараҳмандӣ Ҷаноби Олиро ба муносибати Иди Наврӯз самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманиёти саломатию саодатмандӣ ва барои ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайвастаро тақдим менамоям».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

Источник: president.tj