«Бача азиз, одобаш аз вай азизтар», «Ифтихори дурӯғин»,-шарҳи матбуоти даврӣ

0
231

«Бача азиз, одобаш аз вай азизтар», «Ифтихори дурӯғин»,-шарҳи матбуоти даврӣ

ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта хабару гузоришҳо дар бораи   таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сархати расонаҳои даврии ҷумҳурӣ  қарор дошт.

Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (05.11.2019, №208)   мақолаи муҳаққиқ Нозим Нуров  таҳти сарлавҳаи  «Конститутсия ва ормонҳои давлатдории миллӣ»  ба   нашр  расидааст.  Муаллиф дар ин матлаб  аз ҷумла нигоштааст: «Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат барҷаста аён мегардад».

-Дар ин замина Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» ва сарчашмаи ҳуқуқ – Конститутсияи миллӣ раванди дунявият ва мардумсолориро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид. Ба сухани дигар, Конститутсия гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷиконро ҳамвор сохт, -чунин хулоса намудааст муаллиф дар фарҷоми мақола.

Дар  шумораи навбатии нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№134 аз 05.11.2019)  матни  суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 ноябр дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба нашр расидааст.

Дар ин суханронӣ Пешвои миллат аз  таърихи қабули Конститутсия ёдовар шуда, чунин  иброз доштанд: «Дар рӯзҳое, ки ҳамаи саъю талоши мо ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои зикргардида равона шуда буд, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо, ки ба қабули Конститутсия қатъиян манфиатдор набуданд, кӯшиш мекарданд, ки вазъи ин ё он минтақаи ҷумҳуриро бо содир намудани аъмоли хоинонаву террористӣ, аз ҷумла, таркиш ва қатлу куштори ваҳшиёнаи одамони бегуноҳ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ ва дигар амалҳои ғаразнок ноором ва хавфнок нишон дода, монеаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ шаванд».

«Дар заминаи Конститутсия дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувору босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии осудаи шаҳрвандон, бовару умеди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

«Садои мардум» ҳамчунин дар ин шуморааш бахшида ба ин ҷашни фархунда мақолаҳоро  бо номҳои «Конститутсия – меҳвари сиёсати танзими ҳуқуқӣ», «25 соли хизмат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Санади бунёдгузор дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «Конститутсионализм –фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ» нашр  намудааст.

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета»  (05.11.2019, №46)  хабарҳои муфассал доир ба  ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.10.19)  ва  иштироки   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 25-солагии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (04.11.2019, ҳамчунин сафари расмии Сарвари давлат ба Конфедератсияи Швейтсария (04.11.2019) рӯи чоп омадаанд.

Нашрия дар ин шуморааш ба хонандагон инчунин  мақолаҳои таҳлилӣ ва мусоҳибаҳоро  бо номи  — «Наука в Таджикистане: кризис или развитие?», «Абдукарим Курбонов: «Количество иностранных туристов увеличивается», «Аминджон Одинаев: «С новым видением к индустриализации», «Куда осенью приходит весна», «Оглядываясь в прошлое, думая о настоящем и веря в будущее» пешниҳод кардааст.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№45 аз 05.11.19)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Ҳизбро аз варақи сафед сар кардем», «Ҳамосаи ориёӣ ва ё андеша дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», «Илм бояд бар ҷаҳолат пирӯз ояд», «Cудҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд», «Шаҳодатномаи миллат»,  «Ғизои солим» ва ғайраҳо.

Муаллифи мақолаи «Ҳамосаи ориёӣ ва ё андеша дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» Ҷумъахони Темурзода андешаҳои хешро дар доираи  ин нишасти байналмилалӣ баён намудааст. Номбурда таҳти  сарлавҳачаи «Ифтихори дурӯғин» чунин нигоштааст: «Мутобиқи як сарчашмаи муътамади иттилоотӣ, танҳо  моҳи июн ва июли соли 2019 дар шуъбаҳои асноди ҳолатҳои шаҳрвандии яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе аз 240 нафар навзод, ба 230 нафараш номҳои пур аз ғалати арабии Шуайб, Маъмун, Умия, Унноб, Қутбия, Увайс, Ҳамод, Ҳамза, Хадича гузоштаанд. Куҷо шуд он ифтихори ориёӣ? Куҷо шуд он таъкидҳои шабонарӯзии фарзонагони миллат ба хотири эҳёи номҳои пурифтихори ориёӣ?».

Дар шумораи  навбатии  нашрияи «Мароми  пойтахт» (№41, 07.11.2019)  ҳисоботи муфассали КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 ва корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва маҷлисҳои маҳалли вакилони халқ» рӯи чоп омадааст.

«Мароми пойтахт»  дар ин шумора ҳамчунин гузориши муфассалро  таҳти сарлавҳаи «Конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ  дар ноҳияҳои пойтах» ба нашр расонидааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» дар ин шумора («45 аз 05.11.19) мақолаҳои ҷолибу  хонданбобро пешниҳоди хонандагон гардонидааст. Аз ҷумла, хонандагон  аз мутолиаи мақолаҳои таҳлилӣ таҳти  сарлавҳаҳои «Математика ва рушди тафаккури зеҳнӣ», «Мактаб зиёду хонанда кам», «Таълими меҳнат дар мактабҳои махсус», «Омӯзиш-амали ҳамешагии омӯзгор», «Нақши мондагору муассири омӯзгор», «Ноҳияи Рашт: шароити созгор фароҳам бояд овард», «Бача азиз, одобаш аз вай азизтар», «Фарҳанги муомила дар фаъолияти омӯзгорӣ» ва  «Роҳҳои ҷалби хонандагон ба мутолиа» маълумоти  зарурӣ  пайдо карда метавонанд.

Муалифи мақолаи «Бача азиз, одобаш аз вай азизтар» ҷонишини директори мактаби №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  Р.Ҳамидҷонова дар ин  матлаб, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Омӯзгорон дар «рост кардани ниҳоли қатшуда» душворӣ мекашанду тарбия ноқис мемонад ва хонандагони душвортарбия ба миён меоянд. Пурсамартарин роҳи пешгирии чунин ҳолати номатлуб ҳамкории мактабу оила аз давраи ҳанӯз ба мактаб қадам ниҳодани кӯдакон мебошад. Инро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ тақозо дорад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

Источник: khovar.tj