БА ВОҲИМА НААФТЕД, ОРОМОНА КОРУ ЗИНДАГӢ КУНЕД! Табиби маъруф Леонид Рошал пешниҳод менамояд, ки ба паҳнкунандагони маълумоти нодуруст оид ба коронавирус ҷазо дода шавад

0
140

БА ВОҲИМА НААФТЕД, ОРОМОНА КОРУ ЗИНДАГӢ КУНЕД! Табиби маъруф  Леонид Рошал  пешниҳод менамояд, ки ба паҳнкунандагони  маълумоти нодуруст оид ба коронавирус ҷазо дода шавад

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари палатаи  миллии тиббӣ, президенти Пажӯҳишгоҳи илмии ҷарроҳии фаврии кӯдакон ва  шикастабандӣ  Леонид Рошал  пешниҳод намуд, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оид ба коронавируси намуди нав ҷазо дода шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.  

«Барангезандагони воҳимаро бояд ҷазо дод. Ин ҳолат вуҷуд надорад (сирояти оммавии коронавирус дар Россия-эзоҳи ТАСС), осуда зиндагӣ ва кор кардан лозим аст»,- гуфт ӯ рӯзи чоршанбе  ба рӯзноманигорон дар саҳнаи анҷумани «Пешвоёни Россия».

Ба қавли Рошал, вируси мазкур на бадтар аз зукомест, ки «аз он дар олам одамони бештар ҳалок мешаванд». Ӯ ҳамчунин даъват кард, ки ба таҳлука наафтед ва ба дорухонаҳо барои захираи доруворию лавозимоти тиббӣ нашитобед.

Дар акс: Роҳбари палатаи миллии тиббӣ, Президенти Пажӯҳишгоҳи илмии ҷарроҳии фаврии кӯдакон ва шикастабандӣ  Леонид Рошал. © Михаил Метсел/ТАСС

Источник: khovar.tj