Ба туфайли эътимоди аҳолӣ ба ҳукуматдорон Кореяи Ҷанубӣ дар муқовимат бо коронавирус муваффақ шуд

0
143

Ба  туфайли  эътимоди аҳолӣ ба ҳукуматдорон Кореяи Ҷанубӣ дар муқовимат бо коронавирус муваффақ шуд

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи паҳншавии коронавирус ҳамарӯза тағйир меёбад ва алҳол чизеро пешгӯӣ кардан душвор аст. Дар ростои вусъат ёфтани пандемия Кореяи Ҷанубӣ ягона ҷазираест, ки  ҳамоно эмин аз ин беморист.  Дар ин кишвар карантин интихобан ҷорӣ карда шуда,  барои пешгирии COVID-19  усулҳои муассир роҳандозӣ  гаштаанд.  Шахсони сироятёфта ва наздиконашон  пайваста зери муоина қарор гирифтаанд ва ба ин восита пеши роҳи паҳншавии вирус гирифта мешавад. Ҳукуматдорон ба пандемия фавран вокуниш нишон доданд:  ибодат дар калисоҳо  манъ гардид, парвозҳо дар саросари кишвар кам гаштанд, ҳамзамон  консертҳо, сайрҳои оммавӣ ва дигар чорабиниҳо низ мамнуъ эълон шуданд.

Роҳбарияти Кореяи Ҷанубӣ аз карантини оммавӣ ва гӯшанишинӣ даст кашид, вале шаҳрвандон зери назорати қатъӣ қарор доранд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ эпидемияи коронавирус 20 январ  оғоз  шуд, сайёҳи 35 — солаи аз Чин омада  интиқолдиҳандаи ин вирус гашт. Аллакай баъди се рӯз хабари нахустин гирифторӣ ба  ин беморӣ эълон  карда шуд.  Ин  мард   аз маркази эпидемия- шаҳри Ухани Чин ба ватан баргашта буд.  Дар тӯли 2,5 моҳ 10 738 нафар мубталои вирус  гашта, аз ин 8764 нафар шифо ёфтаанд ва 243 нафар беморон фавтиданд. Ин кишварро метавон макони нодир номид, зеро аз сирояти хавфнок қариб ки барканор  аст.

Азбаски Кореяи Ҷанубӣ бо Чин ҳамсарҳад  аст,  метавонад ҳаддалимкон азият бикашад,  вале он то ба ҳол муваффақона  садди роҳи сироят гаштааст. Чӣ тавр ҳукуматдорони ин кишвар комёб шудаанд,  ки қариб бе талаф ба муқобили вирус мубориза баранд?

Ҳанӯз аз оғози эпидемияи Чин ҳукуматдорони Кореяи Ҷанубӣ  ба ин мушкилот вокуниши ҷиддӣ нишон дода, беэътиноӣ зоҳир нанамуданд. Онҳо табибони худро ба Ухан барои таҳқиқи бемории номафҳум фиристоданд ва духтурон як ҷиҳати муҳими вирусро  муайян намуданд: аксар вақт ( зиёда аз 30% дар ҳама ҳолатҳо) одамони сироятёфта  ягон аломати маризӣ надоранд, аммо онҳо метавонанд интиқолдиҳандаи  беморӣ барои пайвандон ва дӯстони худ бошанд. 7 феврал тамоми шахсони «гумонбаршуда» тафтиш карда шуданд. Бо вуҷуди он ки Корея мамлакати хурд нест,  дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд  51,7 миллион шаҳрвандонро озмоянд. Рӯзҳое ҳам буданд, ки то 20 ҳазор одам  ба санҷиш фаро гирифта мешуд.  Барои вусъати кор  дар ҳама ҷо 633 маркази санҷишӣ ташкил гардида, одамонро  бидуни интизорӣ  аз мавҷудияти коронавирус месанҷиданд.  Ронандаҳо ҳатто мошинҳои худро тарк накарда, ташхис мешуданд ва ҳамагӣ баъди 4 соат натиҷа маълум мегашт.

Дар муддати кӯтоҳ ин кишвар  582 ҳазор нафарро ( дар қиёс бо ИМА 40 маротиба зиёдтар) аз санҷиш гузаронда, имконият ба даст овард, ки тамоми шахсони бо сироятшудагон дар қаробат бударо марҳила ба марҳила муайян намояд. Ба ин васила тамоми мубталоёни COVID-19 аз дигарон ҷудо карда шуда, эҳтимоли паҳншавии сироят қатъ гардид.

Кореяи Ҷанубӣ  сирри чунин муваффақиятро дар эътимоди мардум ба ҳукуматдорон мебинад. Новобаста ба хурӯҷи  беморӣ дар тамоми ҷаҳон   мамлакат аз тадбирҳои шадид  даст  кашида, ҳаддалимкон чораҳои нармро барои аҳолӣ  роҳандозӣ  кардааст. Аксари қаҳвахона ва  тарабхонаҳо  дар хизмати мардуманд.  Одамон озодона дар нақлиёти ҷамъиятӣ паи  кори хеш  мераванд.  Яъне, карантин вобаста ба вазъияти кишвар   ҷорӣ мегардад.  Албатта, ҳастанд касоне, ки маҳдудиятро сарфи назар мекунанд, вале онҳо ба ҷазо гирифтор мешаванд. Сар карда аз ситонидани  ҷарима (тахминан 8 ҳазор доллар) то маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати як сол.

Ҳарчанд  Кореяи Ҷанубӣ чун  кишварҳои дигар кулли шаҳрвандонашро гӯшанишин  накардааст,  вале низоми муайян,  чун риоя намудани масофа ва қоидаҳои гигиенӣ он ҷо низ  вуҷуд дорад.

Тамоми тадбирҳои номбаршуда имрӯз имконият фароҳам овардаанд, ки  таҷрибаи талхи Италия  ва  Испания дар ин кишвар такрор нашавад. Боз ҳам ёдрас менамоем,  ки омодагии пешакии мамлакат ва шаҳрвандони қонунписанд   дар  рафъи  мушкилоти мавҷуда нақши мондагор  бозида тавонист.

                                                                       Мақола аз рӯи маводи 
                                                           рӯзномаи «АиФ»  омода гардид

Источник: khovar.tj