Ба Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои оливу илмии хориҷӣ ихтисоси «химияи органикӣ» илова шуд

0
211

Ба Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои оливу илмии хориҷӣ ихтисоси «химияи органикӣ» илова шуд

ДУШАНБЕ, 17.03.2020. /АМИТ “Ховар”/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илова намудани ихтисоси «химияи органикӣ» дар замина докторантура барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар солҳои таҳсили 2020-20201 эълон кард.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қабули ҳуҷҷатҳо то 15 май идома меёбад.

Барои маълумоти пурра ва ҳуҷҷатсупорӣ хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47 муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-18-83; 223-23-59.

Источник: khovar.tj